Аҳмадов: тавофуқномаи кори гурӯҳии муҳоҷирон дар Русия омода мешавад

© SputnikПредставитель Министерства труда, миграции и занятости населения Таджикистана в России Ибрагим Ахмадов , архивное фото
Представитель Министерства труда, миграции и занятости населения Таджикистана в России Ибрагим Ахмадов , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар бораи талоши вазоратҳои умури дохилаи Тоҷикистону Русия барои осон кардан корёбии муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфт

ДУШАНБЕ, 28 июл— Sputnik.  Моҳи ахир аз Узбакистон ба Русия беш аз 600 муҳоҷир ворид карда шуд. Сафари онҳо дар асоси тавофуқномаи байнидавлатии Русияву Узбакистон роҳандозӣ шуд.

Ба саволи Sputnik Тоҷикистон, ки оё ҳукумати Тоҷикистону Русия ҳам дар ин росто кореро анҷом додааст ё тавофуқномае омода кардааст, намояндаи Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов посух гуфт.

"Айни замон шартномаи байнидавлатӣ оиди даъвати шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар Русия омода шуда истодааст. Ин кор дар чорчӯби созишномаҳое амалӣ мешавад, ки ба зерсохторҳо ҳуқуқӣ равон кардани гурӯҳи муҳоҷиронро медиҳад", — гуфт ӯ.

Дмитрий Попов, руководитель Уральского информационно-аналитического центра РИСИ - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос сабаби ба Русия муҳоҷират кардани тоҷиконро гуфт

Ин кор дар шакли зер амалӣ хоҳад шуд: корфармо дархостро ба Вазорати кори Русия равон мекунад ва аз он ҷо ин дархост ба Душанбе фиристода мешавад. Дар Тоҷикистон амалиёти даъвати мутахассисон амалӣ мешавад ва онҳо ба Русия меоянд.

"Вале ин амалиёт танҳо пас аз имзо шудани шартнома ба таври пурра роҳандозӣ мешавад. Ҳоло он дар сатҳи коркард аст. Гурӯҳи корӣ оид ба масоили муҳоҷират айни замон ба ислоҳи ин тарҳ машғул аст", — шарҳ дод Аҳмадов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Аз ҷониби Русия дар омода кардани ҳуҷҷатҳо Идораи муҳоҷирати ВКД Русия машғул аст.

Лентаи хабарҳо
0