ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Гулнора 8-уми июли соли 1972 дар Фарғона ба дунё омадааст. Вай соли 1988 Академияи математикии шаҳри Тошкандро хатм мекунад ва соли 1994 ба Шуъбаи иқтисоди байналмилалии донишкадаи фалсафаву иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тошканд дохил мешавад. Ҳамчунин вай донишомӯхтаи донишгоҳҳои Амрико ва Донишгоҳи Ҳарвард аст. Гулнора Каримова дар соли 2001 унвони доктори улуми сиёсиро дарёфт кардааст.
Духтари калонии аввалин раисҷусмҳури Узбакистон дар соли 1991 дар ҷашни зодрӯзи дугонааш бо узбаки афғонистоние бо ном Мансур Мақсудӣ шинос мешавад ва бо вай издивоҷ мекунад. Аз ин издивоҷаш ду писар — Ислом ва Имрон ба дунё меоянд. Пас аз даҳ соли ҳамсарӣ Гулнора аз шавҳараш дар соли 2001 ҷудо шуд.
Гулнора Каримова аз соли 2003 то соли 2005 дар сафорати Узбакистон дар Русия дар симати ройзан кор карда буд. Аз соли 2008 то соли 2013 намояндаи доимии Ҷумҳурии Узбакистон дар СММ буд.
Вай ҳамчунин аз соли 2010 то соли 2012 сафири Узбакистон дар Испониё буд.
Бештари коршиносон муваффақияти Гулнораро ба назар гирифта, пешгӯӣ мекарданд, ки ҷойгузини падараш мешавад. Аммо пас аз соли 2013 миёнаи Гулнора бо Ислом Каримов бад шуд ва ӯ мавқеъи сиёсиашро дар кишвар аз даст дод.
Аз ҳамон сол то кунун Гулнора хоназиндон буд. Созмони амнияти Узбакистон иҷоза мемедод вай аз интернет истифода барад.
Созмонҳои амниятии Узбакистон аз Гулнора бадгумон шуда буданд, ки мехоҳад падарашро аз раёсати ҷумҳурӣ барканор кунад. Дар парвандае, ки барояш гирд оварда буданд, мавориде аз қонуншиканиҳои молӣ ва рафтори ношоист барои зани мусулмон ҷамъ оварда шуда буд.