ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Духтари калонии нахустин раисҷумҳури Узбакистон Гулнора Каримова бино бар чанд моддаи Қонуни ҷиноии Узбакистон зиндонӣ шуд, хабар медиҳад РИА Новости.
Гуфта мешавад, ки Гулнора Каримова муттаҳам ба судури табаҳкорӣ аз рӯи шаш моддаи Қонуни кайфарии Узбакистон, аз ҷумла тақаллуб, пинҳон кардани арзҳои хориҷӣ, нақзи қонунгузории гумрукӣ, омодасозии санадҳои тақаллубӣ ва пулшӯӣ мешавад.
Вай аз соли 2013 то кунун хоназиндон буд ва акнун маҳкум ба 5 соли зиндон шуд.
Бино бар иттилоъи Додситони кулли Узбакистон, бозҷӯии иттиҳомоте, ки бар Гулнора Каримова зада шуда буд, собит кард, ки вай бо гурӯҳи табаҳкоре ҳамдастӣ доштааст. Ин иттиҳомот ҳамчунин дар 12 кишвар, аз ҷумла Русия, собит шудаанд.
Давлати Узбакистон аз дигар кишварҳо низ дархост карда, ки дороиҳои гурӯҳи созмонёфтаи табаҳкорер, ки Гулнора Каримова ҳамдасташ буд, забту мусодира кунанд.