ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар масҷидҳои Қирғизистон овози азонро паст карданд.
Бино ба иттилоъи Sputnik Қирғизистон, Идораи динии мусулмонони он кишвар пас аз шикоятҳои мардум садои азонро то 40 десибел паст кард.
Сухангӯи Идораи динии мусулмонони Қирғизистон Мақсад Отабоев гуфт, ки имрӯзҳо садои азон дар масҷидҳои кишвар баландтар аз 40 десибел нест.
"Албатта пас аз ин қарор аксари намозхонон шикоят оварданд, ки садои азонро намешунаванд. Мо тавзеҳоти лозимро ба онҳо додем, чун оромӣ бароямон дар мадди аввал аст. Чунин тавзеҳотеро дар шаҳри Ӯш ҳам ба мардум додаем", — афзуд вай.
Бино бар додаҳои манобеъи озод, 40 десибел баробар бо садои маъмулии гуфтугӯ аст. Ин меъёр барои сохтмонҳои маскунӣ рӯзона аз соати 7:00 то 23:00 то 40 дисебелро муқаррар шуда ва шабона набояд баландтар аз 30 десибел бошад.