ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сафари расмии хешро ба Арабистони Саудӣ аз шаҳри Мадина оғоз намуд. Президент дар масҷиди Пайғамбар Муҳаммад(с) намоз гузошт, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон бо истинод ба хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар.
"Ҳангоми ба Мадина ташриф овардан, раисҷумҳури Қазоқистон бо губернатори музофот шоҳзода Файсал ибн Салмон Аcсауд вохӯрд. Ғайр аз ин, Нурсултон Назарбоев дар масҷиди Пайғамбар Муҳаммад(с) намоз гузошт ва бо сохти бинои Масҷидуннабавӣ шинос гардид",- омадааст дар хабар.
Пас аз ин Назарбоев ба Арриёз ташриф овард ва бо Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдулсауд мулоқот орост. Дар натиҷаи мулоқот тарафайн якчанд ҳуҷҷатҳоро ба имзо расониданд.