Эмомалӣ Раҳмон қайд кард,ки дар шаш моҳи соли 2017 тамоюли мусбии рушди иқтисодиёт дар кишвар таъмин гардидааст.
"Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 24023,0 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиши он ба 106,0 фоиз баробар гардид ва рушди воқеии иқтисодиёт асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 21,3 фоиз, кишоварзӣ 6,4 фоиз, гардиши савдои чакана 3,6 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 0,6 фоиз таъмин карда шуд",- қайд мешавад дар гузориш.
Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет дар сатҳи 99,5 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 9292,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид. Нақшаи воридоти андозҳо 96,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 6075,5 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 25,3 фоизро ташкил менамояд.
Аз ҷониби мақомоти андоз нақша дар сатҳи 102,2 фоиз, аз ҷумла пардохтҳои андозӣ 97,9 фоиз, воридоти ғайриандозӣ 149,9 фоиз ва андозҳои иҷтимоӣ 97,6 фоизро таъмин гардид.
Раисҷумҳури Тоҷикистон иброз намуд, ки имконоту захираҳои мавҷуда дар самти амалӣ намудани Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба таври пурра ва самаранок истифода нагардидаанд.
"Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдор вазифадор гардиданд, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо дарназардошти таъмини нишондиҳандаҳои маҷмӯии миқдорӣ ва сифатии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт чораҳои амалӣ андешида, нерӯи зеҳниву кадрии сохторҳои худро пурра ва самаранок истифода баранд",- қайд мешавад дар хабар.
Ҳамчунин Сарвазир, муовинони у, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муаззаф шуданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтиву пурраи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, нақшаи чорабиниҳо барои соли 2017, алалхусус, дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар паём ба Маҷлиси Олӣ "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", Қарори Ҳукумати мамлакат дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2017" ва супоришҳое, ки ҳангоми сафарҳоираисҷумҳур ба шаҳру ноҳияҳо дода шудаанд, чораҳо андешанд.
Баъд аз баррасии ҳамаҷониба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Сипас "Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020" гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.
Бояд қайд кард, ки лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2018-2020 бо дарназардошти таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, инчунин барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, инчунин дастуру супоришҳоиЭмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар ба минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия гардидааст.
Дар кори маҷлис ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017", хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти калонсолон" пешниҳод карда шуд ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Аъзои ҳукумати мамлакат дар идома масоили вобаста ба созишномаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар, инчунин ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, Нақшаи генералии деҳаи Шаҳристон — маркази ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, таъсиси Муассисаи давлатии "Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон" ва дигар масоили вобаста ба имрӯзи ҳаёти мамлакатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Роҳбарони тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ҳамзамон вазифадор карда шуданд, ки аз ҳозир ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода омодагии ҷиддӣ дида, тамоми иқтидору имконоти мавҷударо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими сармо сафарбар намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва кишти такрорӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, тақвияти тадбирҳои омодагӣ аз пешгирии хавфу хатарҳои офатҳои табиии марбут ба вазъи боду ҳаво ва тақвияти тадбирҳои зидди сӯхтор дастуру супоришҳои мушаххас дод.