Имрӯз бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумат баргузор шуд

Обуна шудан
Имрӯз таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik.Дар маҷлиси ҳукумат нахуст ҳисоботи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2017 ва таҳлилу амалисозии бандҳои алоҳидаи Кодекси замини ҶТ шунида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукмати мамлакатро барои истифодаи оқилонаи замин даъват намуд.

Дар идомаи маҷлис аъзои ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо қабул карда шуданд, омадаст дар хабар.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчунин хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шуд.

Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маркази таълимии Пойтахт - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон аз рух додани ҷиноятҳо дар Қувваҳои мусаллаҳ нигарон аст

Дар кори маҷлис инчунин лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020, Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019, Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо барои солҳои 2017-2020, Дар бораи Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос ва Стандарти давлатии докторантура аз рӯйи ихтисос, Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ баррасӣ гардид.

Президент аз аъзои ҳукумат  таъмини иҷрои бетаъхири масъалаҳои дар кори маҷлис баррасишударо талаб намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мусоидат ба иҷрои муқаррароти Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар ҶТ ва таҳким бахшидани корҳои тарғиботу ташфиқотӣ доир ба пешгирӣ аз оқибатҳои маргбори ин беморӣ,  дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хабар дода мешавад, ки дастуру супоришҳои дигар ҳамчунин барои тақвият бахшидани тадбирҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ расоонидани кӯмакҳои ҳамаҷониба ба аҳолии зарардида дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0