ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дастфурӯшоне, ки назди бозорҳои пойтахт ба савдо машғул мешаванд, аз пардохти чек озод шудаанд. Дар ин бора ноиби якуми раиси шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Зувайзода дар рафти нишасти расонаӣ ба рӯзноманигорон хабар додааст.
Ба гуфтаи ноиби аввал, ин иқдом ба наздикӣ роҳандозӣ шуда, дар ин бора роҳбарияти шаҳрдории Душанбе ба масъулин супориш додааст.
Вай афзудааст, холаҳои майдафурушро борҳо хоҳиш кардаанд, ки бидуни пардохти чек дар дохили бозор савдо кунанд, аммо онҳо то ҳол дар берун тиҷорат мекунанд.
Зувайзода илова намудааст, ки мақсад доранд дар сари роҳ савдо кардани фурушандаҳоро аз байн баранд, аммо дар ин корӣ намехоҳанд ба зӯрӣ даст занад.
"Намешавад, ки мо тамоми корамонро партоему ҳамон ду холаро пеш кунем. Мо тавсия дода истодаем, оҳиста-оҳиста ин мушкил ҳал мешавад. Набояд дар ин масъала аз зӯр кор бигирем",- гуфтааст вай.