"Хушдоманҷон, хушдоман...": Кумитаи занон "Шурои хушдоманҳо"-ро созмон дод

© Сайт / ccgcparhad.wordpress.comУзбекские женщины, архивное фото
Узбекские женщины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Узбакистон ҳамеша расме роиҷ буд, ки хушдоманҳо то 40 рӯз пас аз ҷашни арӯсӣ ба арӯсонашон дарси рӯзгор меомӯхтанд

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Дар Узбакистон созмони иҷтимоии "Шурои хушдоманҳо" корашро оғоз кардааст.

Дар ин бора муъовини раиси Кумитаи умури занон дар Девони вазирони Узбакистон Гулнора Маъруфова ба расонаҳои он кишвар иттилоъ додааст.

Мусульманки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз фарҳанги бегона даст кашед: Кумитаи занон дар "Саодат" корҳои ташвиқотӣ бурд

Маъруфова гуфтааст, ки дар Узбакистон ҳамеша расме роиҷ буд, ки хушдоманҳо то 40 рӯз пас аз ҷашни арӯсӣ ба арӯсонашон дарси рӯзгор меомӯхтанд. Аммо акнун на ҳар хушдомане метавонад бо арӯсаш "забони муштарак" пайдо кунад.

Ҳадаф аз бунёди "Шурои хушдоманҳо"-ро ин кумита "омӯзиш додани дарси рӯзгор, муносибат бо арӯсон ва кӯдакон, нигаҳдории фазои солим дар хонавода ба хушдоманҳо" гуфта аст.

То кунун чунин шуроҳое дар вилояти Тошканд, Андиҷон ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон фаъолияташонро оғоз кардаанд.

"Ин шуроҳо бо духтароне, ки ба синни булуғ расидаанд, аз зиндагии хонаводагӣ суҳбатҳо баргузор мекунанд", — омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки чунин суҳбатҳое бо ҷавонписарон низ баргузор мешаванд. Кумитаи умури занон гуфтааст, ки бархе аз мушкилоти хонаводагиро бузургсолон — хушдоманҳо беҳтар метавонанд ҳаллу фасл кунанд.

Кумитаи умури занону хонавода дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имрӯзҳо бо занони кишвар суҳбатҳо ва "корҳои фаҳмондадиҳӣ" баргузор мекунад. Масъулину фаъолони ин ниҳод ба занону духтарон омӯзиш медиҳанд, ки чигуна аз "бегонапарастӣ дурӣ ҷӯянд ва фарҳанги миллии худро эҳтиром кунанд".

Лентаи хабарҳо
0