ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати ҶТ итилоъ медиҳад, ки рӯзи гузашта мо сӯҳбат ба занону бонувон коргурӯҳи кумита ба Маркази савдои "Саодат" рафт.
Тавре дар гузориши дафтари матбуотии ниҳод қайд мешавад, мақсад аз сӯҳбат бо занон "тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги бою ғании миллати тоҷдори тоҷик дар байни занону духтарон" будааст.
" Бо савдогарон ва харидорон дар бораи фарҳанги волои либоспӯшӣ ва ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллӣ сӯҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шуд",- гуфта мешавад дар гузориш.
Кумитаи занон баъди ин сӯҳбатҳо ба хулоса омад, ки "аксарияти занону духтарон дониши кофӣ надоранд, аз фарҳанги оиладорӣ ба тарзи бояду шояд огаҳӣ надоранд ва ба фарҳанги бегона аз рӯи тақлидкорӣ, бо таъсири мардони хонадон рӯ овардаанд".
Кумита мегӯяд, дар аксар маврид занон омодагӣ ва хоҳиши худро барои даст кашидан аз либоси ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона изҳор намуданд.