ВУД: Зани 58-сола дар Душанбе хонаашро ба фоҳишахона табдил дод

© Flickr \ Kiran FosterСвязанные руки
Связанные руки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зан ба хонаи истиқоматиаш, ки дар он иҷоранишин буд, ду сокини шаҳрро роҳ дода, ба онҳо барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам овардааст

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бино бар гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, зани 58-солаи душанбегӣ бо иттиҳомӣ ташкили фоҳишахона дастгир шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, номбурда доғи судӣ дорад ва ҳоло дар шаҳри Душанбе хонаеро иҷора мегирад, ки дар он фоҳишахона ташкил кардааст.

"Зан рӯзи 7-уми июли соли равон, хонаи иҷоравиашро ба шаҳрвандон: марди 31-сола ва зани 34-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ супорида, шароит фароҳам намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст",- гуфта мешавад дар хабар.

Пештар хабар дода шуда буд, ки зани 30-солае дар шаҳри Душанбе ҷавонзани дигарро бо роҳи фиреб ба Аморати Муттаҳидаи Араб равон карда, он ҷо вайро ба истисмори шаҳвонӣ гирифтор кардааст.

Лентаи хабарҳо
0