ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ воридшавии нобилиғонро ба марказҳои дилхушӣ мамнӯъ кард.
Ҳадаф аз ин иқдом ҳимояи матфиатҳои ноболиғон ва пешгирии судури ҳар гуна қонуншиканӣ будааст.
Тибқи қарори раиси шаҳр воридшавӣ ва ҳузури наврасон дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо вақти шабона мамнуъ аст.
Илова бар ин, ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб кардани онҳо дар чунин ҷойҳо қатъият манъ шудааст.
Тавре дар қарори раиси шаҳр қайд мешавад, дар ин бора бояд дар марказҳо эълон навишта шавад. Воридшавии ахшоси ба балоғат расида, танҳо ба воситаи шиноснома сурат хоҳад гирифт.
Аммо баробари ин, раёсатҳои фарҳангӣ ва Сарраёсати маориф вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати ташкил намудани барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, таҳия ва нашри асарҳои илмию оммавӣ ва тарбиявӣ, ба вуҷуд овардани захираҳои интернетии барои ташаккули дурусти шахсияти ноболиғон мусоидат кунанд.
Вазорати корҳои дохилаи ҶТ бояд аз пайи иҷрои ин қарор назорат мебарад.
Падару модароне, ки фарзандонашон вақти шабона ба ин гуна мрказҳо меоянд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.