Ду сокини Истаравшан марди 43-соларо кушта ҷасадашро ба рӯд партофтанд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкРека, архивное фото
Река, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду сокини шаҳри Истаравшан марди 43-соларо бо роҳи буғӣ кардан кушта ҷасадашро ба дарёи Зарафшон партофтаанд

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии ВУД ҶТ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон яке марди 43 ва дигаре 47-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуданд. 

Бино ба додаҳои манбаъ, ин мардон аз рӯи нақшаи пешакӣ санаи 17 июл тахминан соатҳои 20:30 марди 43-солаи сокини шаҳри Истаравшанро бо баҳонаи баргардонидани маблағҳои қарзи гирифтаашон, ба деҳаи Чорсадаи ҳамин шаҳр даъват мекунанд.

Автомобили на проезжей части, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷавонзани ронанда ва ҳамсафараш дар Хуҷанд дар садама ҷон бохтанд
 

Баъдан номбурдагон бо роҳи фиреб он мардро ба худраве савор кардаву ба воситаи ресмон бо роҳи буғӣ кардан охиронро ба ҳалокат расониданд.

Манбаъ меафзояд, ки мутаҳҳамон бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содиркардаашон ҷасади ҷабрдидаро ба худрави "Опел-Зефира", ки ба марди 30-солаи ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри мазкур тааллуқ дорад, бор карда, ба дарёи "Зарафшон" мепартоянд. 

Ҷасади ҷабрдида тахминан соати 17:40 ҳамон рӯз дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент дарёфт карда шуд. 

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.  

Лентаи хабарҳо
0