Ҷавонзани ронанда ва ҳамсафараш дар Хуҷанд дар садама ҷон бохтанд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкАвтомобили на проезжей части, архивное фото
Автомобили на проезжей части, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавонзани 23-солае фармони худрави "Опел-Астра"-ро аз даст дода, худаш ва ҳамсафарашро ба ҳалокат расонидааст

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, ин ҳодиса дирӯз 19 июл дар шаҳри Хуҷанд ба вуқӯъ пайвастааст.

Бино ба гузориши мақомоти интизомии кишвар, зани 23-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди осоишгоҳи "Баҳористон" аз уҳдаи идораи худрав набаромада, онро чаппа кардааст.

"Дар паи чаппа шудани худрав худи ронанда ва мусофираш зани 21-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ҷон доданд", — омадааст дар иттилоъия.

Ҳамсафари дигарашон зани 24-солаи сокини пойтахти вилояти Суғд дар беморхона бистарӣ шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки таҳқиқи ин қазия идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0