ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Роҳи Душанбе — Хоруғ — Чин, ки дар дар паи фурӯ рехтани селу баланд шудани оби рӯди Панҷ дар ноҳияи Дарвоз баста шудааст, дар оғози ҳафтаи оянда боз хоҳад шуд.
Раиси Кумитаи авзоъи изтирорӣ ва дифоъи мадании ҶТ сипаҳбад Рустам Назарзода имрӯз дар нишасти расонаӣ гуфт, бозсозии роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ дар рустоҳои Хостав ва Ширговад идома дорад.
"Корҳои таркишӣ ва пурсозӣ бо сангу шағал идома дорад. Дар нақша аст, ки рӯзҳои душанбе — сешанбеи ҳафтаи оянда роҳ боз шавад", — гуфт вай.
Ёдоварӣ мекунем, ки дар ноҳияи Дарвоз ҳудуди 1,5 килуметр роҳ зери об монда буд. Дар рустои Хостав то кунун роҳро бозсозӣ кардаанд ва рафту омад барқарор шудааст.
Аммо дар рустои Ширговад, ки роҳ аз тангное мегузарад, ки зери об мондааст, ҳамакнун кормандони Вазорати таробарии ҶТ, ширкати роҳсозии чинии "Чайна Роуд", КВД "Бадахшонроҳсоз" аз ду сӯ хокрезӣ доранд то роҳро барқарор кунанд.