Даргузашти ровии барномаи "Доброе утро" Елена Миронова

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСвеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Елена Миронова замони тӯлонӣ ба ҳайси ровии барномаҳои телевизионӣ фаъолият карда буд

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ровии барномаи "Доброе утро" дар шабакаи Якуми телевизиони Русия, аз олам даргузашт.

Дар ин бора рӯзи якшанбе шабакаи Якуми телевизиони Русия хабар дод.

"Хабари андуҳгин: Ровии барномаи "Доброе утро" Елена Миронова аз олам чашм пӯшид. Ӯ чанде боз бо бемории вазнин мубориза бурд, вале маризӣ ӯро ночор кард. Дар шабакаи Якум Елена солҳои тӯлонӣ фаъолият карда, ҳар субҳ бо табассум ба тамошобинон рӯзи хуш таманно мекард. Бинандагон ӯро барои табассуми зебояш дӯст медоштанд",- омадааст дар хабарномаи телевизионӣ.

Олег Яковлев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти овозхони пешини гурӯҳи "Иванушки International" Олег Яковлев

Ҳамкасбон Елена Мироноваро бо гармӣ ёд мекунанд, мегӯяд манбаъ. Чанде пеш ин шабака 30-солагии барномаи "Доброе утро"-ро таҷлил кардаву Елена Мироноваро ҳам ба он даъват кардаанд, вале ӯ он замон аллакай бистарӣ ва дар ҳолати вазнин буд.

Елена Миронова замони тӯлонӣ ба ҳайси ровии барномаҳои телевизионӣ фаъолият карда буд. Бисёриҳо ӯро чун хабарнигори барномаи "Время" дар ёд доранд.

"Ин ҳодиса барои кулли шабакаи Якум талафоти бузург аст. Кулли ҳамкасбони Елена изҳори таслият мекунанд. Вақти ба хок супоридани Миронова баъдтар маълум хоҳад шуд", — омадааст дар хабарнома.

Лентаи хабарҳо
0