ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости овозхони пешини гурӯҳи "Иванушки International" Олег Яковлев дар Маскав вафот кард.
Ин сароянда дар соли 48-уми ҳаёташ дар паи беморӣ дар яке аз бемористонҳои Маскав ҷон дод.
Олег Яковлев дер боз дар бистари беморӣ будааст. Пизишкон дарди ӯро шамолхӯрии дутарафаи шуш гуфтаанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки сароянда дар бемористон хоб аст.
Олег Яковлев пас аз Олег Сорин (овозхони пешин) соли 1998 овозхони гурӯҳи "Иванушки International" шуд. Соли 1997 Яковлев дар клипи гурӯҳи "Иванушки", ки барои суруди "Кукла" наворбардорӣ мешуд, нақш офарида буд. Ин клип дер боз дар зеҳни мухлисони гурӯҳ нақш баста буд.
Нахустин суруди Яковлев дар ҳайъати ин гурӯҳ "Таполиный пух" буд.
Соли 2013 ин сароянда аз щайъати даста баромада худ ба сабти таронаҳои ҷадид пардохт.
Гурӯҳи "Иванушки International"- яке аз гурӯҳҳои машҳури Русия мебошад, ки соли 1995 аз ҷониби Игор Матвиенко ташкил шудааст.