Абдураҳмон Қодирӣ ба занони соҳибкор 305 000 сомонӣ грант дод

Обуна шудан
Санаи 20-уми июли соли 2017 ба 45 нафар занону духтарони ҳунарманд аз шаҳру навоҳии вилоят, ки аз озмун гузаштаанд, грантҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Маросими супоридани грантҳо дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, грантҳоро ба ғолибони озмун Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ супорид.

Зимни суханронӣ Раиси вилоят қайд кард, ки таъсис ёфтани грантҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят имкон медиҳад, занони хонанишин соҳиби касб шуда, бо ин васила вазъи иқтисодии хонаводагии хешро беҳтар созанд, ҳамчунин шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ низ ба давлатҳои хориҷ кам гардад.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ зимни суханронӣ изҳор дошт, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду эҳёи ҳунарҳои миллӣ таваҷҷӯҳи махсус равона шуд.Дар вилояти Суғдбо ташаббуси Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз карданд ва аксар занони хонанишин ба касбомӯзӣ рӯ оварданд.

Соли 2014-ум 337 нафар ва соле пас 428 нафар занону духтарон бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Аз ҷониби бонувон сеху коргоҳҳои адрасбофӣ, коркарди пашм, омодасозии қаннодиҳо, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, йӯрмадӯзӣ, гилембофӣ, маҳфилҳои манзаранигорию рассомӣ, нақшбандию рангуборкунӣ, расмкашию ҳунарҳои халқӣ вусъат ёфта, маҳорату санъати дастони сеҳрофари эшон сайёҳони зиёдеро ҷалб карда истодааст.

Женщины Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Занони тоҷик барои 80 лоиҳаи худ аз раисҷумҳур грант гирифтанд

Имсол 16 нафар соҳиби Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 45 нафар Гранти Раиси вилоятро соҳиб гардиданд, ки шумораи занон нисбат ба соли 2016- ум 50 фоиз зиёд мебошад.

Чунин иқдомҳои нек имкон медиҳад, ки нафарони зиёде шароити иҷтимоии оилавии хешро беҳтар созанд. Аз ҷумла,  Бибифотима Оқилова аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои рушди асалпарварӣ,  Анварой Раҳимова аз шаҳри Панҷакент барои ташкил намудани маҳфили қолинбофӣ,  Ҳабиба Ғозиева аз ноҳияи Деваштич барои сехи қолинбофӣ, Марҳабо Раҳимова аз шаҳри Конибодом барои ташкили сехи адрасбофӣ соҳиби даҳ ҳазор сомонӣ ва Муқаддам Насриддинова аз шаҳри Бӯстон барои ташкили маҳфили манзаранигорӣ ва рассомӣ, Муҳайё Солиҳова аз ноҳияи Зафаробод барои ташкили сехи дӯзандагӣ ва гулдӯзӣ, Шаҳноза Ниёзова аз ноҳияи Мстчоҳ барои ташкили дӯзандагӣ ҳар яке соҳиби ҳашт ҳазор сомонӣ гардиданд.

Таъкид гардид, ки аз 226 марказҳои таълимӣ — истеҳсолӣ, ки 66 адад ба қолинбофӣ  ва 160 ададаш ба истеҳсоли атласу адрас машғул мебошад, дар ин муддат беш аз 2670 нафар шогирдон соҳиби касбу кор гардиданд.

Дар ин рӯз 10 грант ҳар яке 10 000 сомонӣ, 10 грант ҳар яке 8 000 сомонӣ ва 25 грант ҳар яке 5 000 сомонӣ, дар маҷмӯъ 305 000 сомонӣ барои рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор тақдим гардид. Ҷоиз ба таъкид аст, ки теъдоди грантҳо нисбати соли гузашта 15 адад зиёд гардидааст.

Гулпарвар ва аврбанд (тайёр намудани асос барои атласу адрас) аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муқаддасҷон Ҷӯраева ва Иноятхон Орифова, дӯзанда аз ноҳияи Мастчоҳ  Рӯзиҷон Холиқова ва сӯзанидӯз аз шаҳри Хуҷанд Мафтунахон Пӯлодова арзи сипоси аҳли нишастро баён карда, изҳор доштанд, ки минбаъд коргоҳи хешро васеъ намуда, нафарони зиёдеро боз бо ҷойи кор таъмин хоҳанд кард.

Дар анҷом Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ барои рушду равнақ ёфтани ҳунарҳои аҷдодии миллӣ чанд пешниҳод ва маслиҳати хешро баён кард.

Лентаи хабарҳо
0