ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Кумитаи занони Тоҷикистон, бонувони соҳибкор имсол то 2 милюн сомонӣ грант ба даст оварданд.
Аз 15 март то 15 апрели соли 2017 миёни занони соҳибкор барои дарёфти гранти раисҷумҳур озмун баргузор шуда буд.
Дар заминаи корофаринӣ ва коркушоӣ 80 тарҳ беҳтарин шинохта шуда ва барандаи озмуни гранти расиҷумҳур шуданд.
Манбаъ меафзояд, ки ҳайъати доварони озмун аз хонумҳои корофарин ва кадбонувон куллан 415 тарҳ дарёфт карда аст.
Рӯзи 29 июн дар толори Кумитаи умури занону хонавода барандагони ин озмун дипломи "Ғолиби озмуни гранти Президентӣ-2017"-ро дарёфт карданд.
Грантҳои раисҷумҳури Тоҷикистон аз соли 2006 то кунун барои дастгирии соҳибкории хурду миёна ҷудо мегарданд.
© Sputnik / Victoria LyubavinaЗанони Тоҷикистон: роҳи пурзаҳмат ба сӯи муваффақият
Занони Тоҷикистон: роҳи пурзаҳмат ба сӯи муваффақият
© Sputnik / Victoria Lyubavina