ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. ВКД Узбакистон лоиҳаи қонунеро "Дар бораи силоҳ" омода кардааст, ки мувофиқи он ба як кас танҳо фурӯши то се адад силоҳи шикорӣ иҷоза дода мешавад.
Хариди силоҳи шикорӣ ба шаҳрвандони калонсоле, ки иҷозатномаи махсуси вазорати умури дохиларо гиритфаанд, раво дониста мешавад.
"Зарурати қабули ин қонун бо сабаби номукаммалӣ ва нокомилии заминаи меъёрии амалкунанда аст", — омадааст дар хабарнома.
"Дар айни замон, қонунгузории Узбакистон танҳо намуди фаъолиятҳоеро танзим кардааст, ки корбурди силоҳро дар назар доранд бо силоҳро муқаррар кардааст, вале шумораи хариди онро муқаррар накардааст. Ин амалиёти нигоҳдорӣ ва корбурди солоҳи шикориро душвор мекунад дар ин самт душвор мекунад".
Тибқи қонун, хариди силоҳи шикорӣ ба шаҳрвандони калонсоле, ки иҷозатномаи махсуси вазорати умури дохиларо гиритфаанд, раво дониста мешавад. Мӯҳлати як иҷозатнома се моҳро дар бар мегирад.
"Шумораи умумии солоҳи оташфишон барои як кас аз се адад бояд зиёд набошад", — омадааст дар лоиҳаи қонун.