Раиси ҷумҳур аз вуҷуди силоҳ дар дасти мардуми Бадахшон нигарон аст

© WikimediaХоруғ. Акс аз бойгонӣ
Хоруғ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ҷумҳур зикр кард, ки садҳои ҷавонони Тоҷикистон аз сӯйи ҷосусони гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро таблиғ шуда ба ин ниҳодҳо пайвастаанд ва дар миёни онҳо ҷавонони ин вилоят низ ҳастанд ва аз сокинони маҳаллӣ даъват кард, ки “фарзандону ҷавононро аз ин роҳи бад баргардонида худро қурбонии фиребу манофеъи бегонагон насозанд”.

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Дар дасти сокинони вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳистон миқдори зиёди силоҳ боқӣ мондааст, ки ба таъмини амнияту танзими аҳолӣ мушкил эҷод мекунад, изҳор дошт раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо мақомот ва фаъолони вилоят, хабар медиҳад сомонаи раёсати ҷумҳурӣ.

Раҳмон зикр кард, ки аз соли 1994 бад ин сӯ аз сокинони вилоят дар маҷмӯъ 4 ҳазор 642 адал аслиҳа мусодира шуда ва танҳо дар соли 2014 аз шаҳрвандон 321 адад аслиҳа забт шудааст.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Додситони кулл: баъзе аз занҳои тоҷик дар ДИИШ то 5 шавҳар кардаанд

"Ҳатто бо дарназардошти чунин омор дар дасти сокинон то ҳол миқдори зиёди силоҳ боқӣ мондааст, ки ба таъмини амнияту субботи аҳолӣ мушкил эҷод мекунад", — гуфт вай.

Раҳбари кишвар ба ниҳодҳои интизомӣ дастур дод, ки "дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ иқдомоти ҷиддие барои мусодираи комили силоҳу лавозимоти низомӣ анҷом бидиҳанд".

"Шумо шоҳиди вазъи феълии ҷаҳон мебошед ва мушоҳида мекунед, ки рӯз аз рӯз вазъият душвортару муташанниҷ мешавад, вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар бештаре аз кишварҳо, аз ҷумла дар Афғонистон, Сурия, Ироқ ва Яман вахимтар мешавад, — гуфт Раҳмон. — Созмонҳои тундгаро ва ифротӣ ба гунаи гурӯҳи террористии "Давлати исломии Ироқу Шом" фаъолиятҳои даҳшатноку тахриборки худро тавсеъа мебахшанд".

Раиси ҷумҳур зикр кард, ки садҳо ҷавонони Тоҷикистон аз сӯйи ҷосусони гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ таблиғ ва ҷалб шудаанд, ки дар миёни онҳо ҷавонони вилоят низ ҳастанд.

"Масалан, то ҳол нисбати 11 сокини вилоят, аз ҷумла 6 сокини ноҳияи Ванҷ ба иртикоби узвият дар суфуфи гурӯҳҳои террористӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд", — хабар дод раҳбари кишвар.

Раиси ҷумҳур бо муроҷиъа ба волидайн ва афроди саршиноси вилоят аз онҳо даъват кард, ки "фарзандону ҷавононро аз ин роҳи бад баргардонед ва нагузоред, ки худро қурбонии тавтеъа, фиреб ва манофеъи бегонагон кунанд".

Лентаи хабарҳо
0