ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Равобити умумии ДМТ барои дарёфти бурсияҳои таҳсил дар Олмон барои соли таҳсили 2017 — 2018 байни донишҷӯён ва устодонаш озмун эълон мекунад.
"Дар озмун донишҷӯёни зинаҳои бакалавр ва магистр метавонанд ширкат кунанд. Ҳамчунин устодони ДМТ низ имкон доранд барои бозомӯзӣ дар донишгоҳи Марбург ҳуҷҷатҳояшонро равон кунанд", — омадааст дар хабарнома.
Ҳуҷҷатҳо танҳо дар шакли электронӣ ва то 30 июни соли 2017 пазируфта мешаванд.
Озмун дар чорчӯби барномаи муштараки Олмон — Erasmus+ KA1 ва ДМТ гузаронида мешавад.
Маълумоти бештареро дар бораи шартҳои озмун аз шуъбаи равобити хориҷаи ДМТ дар хиёбони Рӯдакӣ, 17, утоқи 63 метавон дарёфт кард.