ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Мақомоти иҷроияи вилояти Суғд бо такя ба суханони муовини раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода дар бораи оғози корҳои бозсозӣ дар роҳҳои ноҳияи Ашт хабар медиҳад.
"Муовини раиси ноҳияи Ашт, Ҷамшед Маҳмудзода иттилоъ дод, ки барои мумфаршкунии зиёда аз 20 килуметр роҳҳои дохилӣ аз будҷаи ҳукумат беш аз 9 милюн сомонӣ ҷудо шудааст", — омадааст дар хабарнома.
Таъмири роҳҳои ноҳия ҳамакнун оғоз шудааст.
Гуфта мешавад, ки маблағи ҷудошуда, барои пурра асфалтпӯш кардани роҳҳои маркази ҷамоатҳо равона мешавад ва таъмиру барқарорсозии роҳҳо ду моҳ идома хоҳад кард.