ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева иттилоъ медиҳад, ки амалиёти бартарафсозии пайомадҳои селу гилшор дар ноҳияи Дарвоз ҳамчунон идома дорад.
Бино бар иттилоъи вай, 14 июл кормандони Вазорати таробарии ҶТ ҳамроҳ бо коршиносони Вазорати дифоъ корҳои таркиширо барои барқарор кардани бахши вайроншудаи роҳи мошингард дар деҳаи Ширговад оғоз карданд.
Раиси Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, ки ситоди вилоятиро дар ноҳия раҳбарӣ мекунад, пеш аз оғози корҳои таркишӣ таъкид доштааст, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда бояд ҳарчи зудтар роҳро кушод ва рафту омадро барқарор кард, зеро он шоҳраги иқтисоди вилоят аст.
Сохтусохи роҳ дар ин русто ба ширкати роҳсозии чинии "Чайна Роуд" вогузор шудааст.
"Бо ҷалби техникаҳои роҳсозӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти ҶТ, ширкати роҳсозии чинии "Чайна Роуд", КВД "Бадахшонроҳсоз" корҳои барқароркунӣ аз ҳар ду самт идома дошта, умед аст, ки дар ояндаи наздик ин қисмати роҳ барқарор карда мешавад", — меафзояд манбаъ.