ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Сарбозҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои низомӣ-варзишии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳамсуд ширкат хоҳанд кард.
Ба иттилоъи Вазорати дифоъи Русия, ин бозиҳо аз 24 июл то 1 август дар шаҳри Балиқчӣ дар Қирғизистон баргузор мешаванд.
Ин бозиҳои артишӣ ба муносибати 25-умин солгарди бунёди Шурои вазирони дифоъи ҷумҳуриҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд ва Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор хоҳанд шуд.
Дар ин бозиҳо сарбозони артишҳои Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия дар риштаҳои ҳунарҳои размии артишӣ, вазнабардорӣ, варзишҳои таркибии низомӣ, серазмаи афсарӣ ва мусобиқаҳои фармондеҳӣ зӯрозмоӣ хоҳанд кард. Низомиёни Узбакистон дар ин мусобиқот ҳамчун нозир ҳузур хоҳанд дошт.