Тоҷикистон размоиши нерӯҳои Амрико ва кишварҳои осиёиро фармондеҳӣ хоҳад кард

© SputnikВоеннослужащие Таджикистана, архивное фото
Военнослужащие Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Ҳамкории митақаӣ" шабеҳсозии амалиёти сулҳофариниест, ки бо ваколати Созмони милали муттаҳид баргузор мешавад ва равишҳои мубориза бо теруризм, таъмини амнияти марзҳо, ҳамоҳангсозии ёрирасонӣ дар умури изтирорӣ ва балоҳои табиӣ ва таъмини амнияту субот дар минтақа тамрин хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Имрӯз дар Тоҷикистон размоиши байнулмилалии "Ҳамкории минтақаӣ — 2017" оғоз мешавад, иттилоъ медиҳад Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон.

"Нерӯҳои Ситоди фармондеҳии марказии ИМА ва низомиёни Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва ҳамчунин нозироне аз Қазоқистон аз 10 то 23 июл дар Тоҷикистон размоиши фармондеҳӣ-ситодии "Ҳамкории минтақаӣ — 2017"-ро баргузор мекунанд", — гуфта мешавад дар иттилоъияи равобити умумии Сафорати ИМА.

Бахше аз барномаҳои размоиш дар шаҳри Душанбе багузор мешаванд ва сиас аз 17 то 21 июл низомиёни ИМА ва Тоҷикистон дар размоишгоҳи "Фахробод" размоиши дуҷониба хоҳанд дошт.

"Ҳамкории минтақаӣ" шабеҳсозии амалиёти сулҳофариниест, ки бо ваколати Созмони милали муттаҳид баргузор мешавад ва равишҳои мубориза бо теруризм, таъмини амнияти марзҳо, ҳамоҳангсозии ёрирасонӣ дар умури изтирорӣ ва балоҳои табиӣ ва таъмини амнияту субот дар минтақа тамрин хоҳанд шуд.

"Ҳар кишваре намояндагонашро барои ҳамоҳангсозии амалиёти муштараке пешниҳод мекунад, ки аз рӯи чанд сенарияи эҳтимолӣ баргузор хоҳанд шуд. 19 июл намояндагони расонаҳо низ даъват мешаванд, то дар «Кохи афсарон» раванди размоишро мушоҳида кунанд ва бо ширкаткунандагон мусоҳиба кунанд", — гуфта мешавад дар эъломияи сафорат.   

Дар ин размоиш амалиёти посдории субот, амнияти марзҳо, вопоиши марзбонӣ, мубориза бо теруризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷангафзорҳо тамрин мешаванд. Ба иттилоъи сафорати Амрико, дар ин амалиёт панҷ кишвар ва беш аз 200 намояндагони кишварҳои узв ширкат хоҳанд кард. Ин размоишро Вазорати дифоъи Тоҷикистон фармондеҳӣ хоҳад кард. 

Гуфта мешавад, ки ин размоиш ҳамкориҳо ва ҳамоҳангии корбурдии нерӯҳои мусаллаҳ ва амниятиро густариш дода, тавоноии онҳоро барои ҳалли масоъили амниятӣ беҳбуд бахшида ва суръати вокуниши сареъи нерӯҳои чандмиллиятиро афзоиш медиҳад. 

Гуфтанист, ин размоиш аз соли 2001 то кунун ҳар сол дар чорчӯби ҳамкориҳои Амрико бо кишварҳои минтақа баргузор мешавад. Охирин размоиш миёни нерӯҳои Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 16 то 28 сентябри соли 2016 дар иёлати Массачусетс баргузор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0