ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтусози ҶТ, имрӯз дар нишасти расонаӣ гуфтааст, ки сохтмонҳои нави Маҷлиси Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе бо воми билоивази саддарсадии Чин сохта мешаванд.
Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, вай таъйид карда, ки Арабистони Саъудӣ аз сармоягузорӣ барои сохти ин муҷтамаъ мунсариф шуда ва гуфта, ки он бо гранти 100-дарсадии Чин бунёд мешавад.
Аҳмадзода ҳаҷми воми Чинро 230 милюн дулор унвон карда ва гуфтааст: "Ҳозир грант ҷудо шуд. Корҳои топографӣ оғоз шуд, лоиҳасозӣ аз тарафи пажуҳишгоҳ идома дорад. Сохтмони бинои нави парлумон то охири сол оғоз хоҳад шуд".
Тарҳи "Муҷтамаъи Маҷлиси Тоҷикистон" ҳамакнун омода аст ва ин сохтмон бояд дар маркази шаҳри Душанбе рӯ ба рӯи Боғи Рӯдакӣ сохта шавад.
Пештар гуфта мешуд, ки Арабистони Саъудӣ барои сохтусози сохтмонҳои Давлат ва Маҷлиси Тоҷикистон 200 милюн дулор сармоягузорӣ хоҳад кард.