"Это здорово": Парвина пеш аз арӯсӣ дар намоҳанги Зеваров нақш офарид

© SputnikПросмотр клипа с участием Парвины Саидовой на экране, архивное фото
Просмотр клипа с участием Парвины Саидовой на экране, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвина Саидова - модели тоҷик, ки ба зудӣ шавҳар мекунад, дар намоҳанги нави Беҳрӯз Зеваров нақш офаридааст

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Суруди нави Беҳрӯз Зеваров "Это здорово" дирӯз пешкаши ҳаводоронаш шуд.

Дар ин бора овозхон ва раҳбари ширкати "Топ-Медиа" ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки намоҳанги ин суруд дар Тошканд ба навор гирифта шудааст.

"Мо бо коргардони номдори Узбакистон — Ёгдор Носиров дар давоми шаш сол ҳамкорӣ дорем. Аз ин рӯ намоҳангро дар шаҳри Тошканд ба навор гирифтем".

Пари Саидова, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нақшофаринии Парвина Саидова дар намоҳанги нави Беҳрӯз Зеваров

Ба қавли Беҳрӯз худи суруди "Это здорово" ба қалами Далер Хонзода тааллуқ дошта, дар муддати ду моҳ омода шудааст. Вале намоҳангашро дар давоми ду рӯз ба навор гирифтаанд.

Дар ин намоҳанг нақши аслиро модели тоҷик — Парвина Саидова ва Абдулло Қодиров бозидаанд. Ин дувумин нақши Парвина дар намоҳангҳои Беҳрӯз Зеваров мебошад. Ӯ ҳамчунин дар намоҳанги "Не молчи" нақшофаринӣ карда буд.

Пештар хабар дода будем, ки Парвина Саидова ба зудӣ шавҳар мекунад. Беҳрӯз Зеваров дар ин бора гуфт, ки то ҳол даъватнома ба ҷашн ба дасташ нарасидааст, агар даъваташ кунанд, ҳатман ин сурудро барои Парвина месарояд.

"Чанд вақт шуд, ки Паривнаро надидаам. Пас аз ба навор гирифтани ин намоҳанг ӯ камнамо шудааст. Агар ба ҷашни арӯсияш даъватам кунад, ҳатман ин сурудро месароям", — гуфт Беҳрӯз.

Парвина Саидова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рози арӯсии Парвина: зебосанам ҳамсари варзишкор мешавад

Овозхони тоҷик қасд дорад намоҳангашро дар шабакаҳои телевизиюнии кишварҳои ИДМ намоиш диҳад.

"Ҳамакнун ин намоҳанг аз санҷиши шабакаҳои Маскав, Бишкек, Алмаато, Тошканд ва Ереван мегузарад. Агар ҳамааш хуб гузарад, клипро дар тамоми кишварҳои ИДМ тамошо хоҳанд кард", — гуфт Беҳрӯз.

Дар бораи ҳунарнамоӣ дар Узбакистон, Беҳрӯз Зеваров гуфт, ки ҳоло ҷавоби дақиқе надорад, вале шабакаҳои ин кишвар хостори ҳамкорӣ бо овозхонони тоҷик шудаанд.

Қаблан ҳунарманди ҷавону номдори тоҷик Ҷонибек Муродов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки аз беҳтар шудани равобит миёни Тоҷикистону Узбакистон шод аст ва интизор дорад, ки дигар монеъаҳо низ бардошта шаванд.

Лентаи хабарҳо
0