ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik, Андрей Захватов. Шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград пас аз шаҳри Маскав дувумин минтақае аз Русия ҳастанд, ки бештарин теъдод аз муҳоҷирони кории Тоҷикистонро ҷалб кардаанд.
Бино бар додаҳои омор, дар миёнаҳои соли 2017 теъдоди тоҷикистониёни муқим дар шаҳри Санкт Петербург ва вилояти Ленинград камубеш 100 ҳазор кас будааст. Коршиносон аз чанд сол пеш ин равандро мушоҳида мекунанд, ки бисёре аз корҷӯён дар Санкт-Петербург мондгор мешавад.
Ин раванд бо фурӯ пошидани Иттиҳоди Шуравӣ ва бозгашти русҳову словитаборҳо аз Тоҷикистон ба Санкт-Петербург оғоз ёфт ва дар замони ҷанги Тоҷикистон селосо шуд. Рушди шитобони Санкт-Петербург дар нимаи дувуми солҳои 1990-ум бисёре аз корҷӯёни тоҷикро ба ин шаҳр кашид ва чун дар бозаргониву рестурондорӣ рақобатпазир набуданд, бахши сохтусоз барояшон манбаъи касби даромад шуд.
Пешрафти фанновариҳои иртибототӣ ва иттилоъотӣ дар пойтахти шимолии Русия дар бозори кор камбуди коргарони сохтмониро падид оварда буд ва муҳоҷирони тоҷик ҳамин ростаро пур карданд. Аз он ҷое, ки мизони ҳуқуқ ва дастмузди коргарони сохтмон дар ин шаҳру вилоят басе бештар аз ҳуқуқҳо дар Тоҷикистон буд, рафт-рафта бисёре аз коргарони 20 то 40-сола хонаводаҳояшонро ҳам оварданду шаҳрвандии Русияро дарёфт карданду дар шаҳри Санкт-Петербург мондгор шуданд.
Дар ин солҳо бисёре аз коргарон коршинос шуданд ва акнун бархе аз ширкатҳои сохтусозӣ дар шаҳри Санкт-Петербургро тоҷикон раҳбарӣ мекунанд. Ин ширкатҳо, ки аксари коргаронашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, дар рақобати шадид бо ширкатҳои туркӣ ба комёбиҳои чашмгире даст ёфтаанд.
Яке аз чунин муҳоҷирон Далер Зайдов аст, ки ҳамакнун мудири ширкати сохтусозии "DADL" аст. Вай мегӯяд:
"Беш аз даҳ сол дар ширкатҳои сохтусозии Санкт-Петербург коргариву кормандӣ кардам ва се сол пеш ширкати DADL-ро бунёд гузоштам. Коргаронам аксаран аз Тоҷикистон ҳастанд. Имрӯз мо ин тавонро дорем, ки ҳам паймонкори аслии сохтусоз, навсозӣ ва ё бозсозии сохтмонҳо бошем ва ҳам метавонем паймонкори дувумдаст бошем".
Метавон бовар дошт, ки ширкати Далер Зайдов дар кораш пешрафт хоҳад кард, зеро бо супоришдиҳандагону ҳамкорон равобити бисёр хуберо роҳ андохтааст.
"Мо бисёр сол аст ки шаҳрванди Русия шудаем. Ҳамсарам рус ва аз шаҳри Санкт-Петербург аст", — мегӯяд Далер Зайдов.
Вай ягона тоҷике нест, ки дар Русия кору борашро дуруст роҳандозӣ кардаву дастовардҳое дорад. Тоҷикон умуман мардуме кордӯсту сабуру бопушткор ҳастанд ва гом ба гом мавқеъяшонро дар бахши сохтусоз устувортар мекунанд ва на танҳо коргарӣ, балки раҳбарӣ низ мекунанд.