ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Гурӯҳе аз коршиносони тоҷик чораҳоеро барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Ин чораҳо дар санаде бо 10 пешниҳод таҳия шуда ва барои Ҳукумати ҶТ, Вазорати кору шуғли аҳолӣ, Вазорати умури хориҷа, Вазорати умури дохила ва Кумитаи умури занону хонавода фиристода хоҳанд шуд.
Ин пешниҳодҳо тавсияҳое ҳастанд, ки мизи гирде дар мавзуъи "Танзими раванди муҳоҷирати корӣ: имконот ва дурнамо" бо ширкати намояндагони давлат ва созмонҳои мардумниҳод ба даст омадаанд.
Фазои иқтисодӣ ва имтиёзҳои иҷтимоъӣ
Яке аз муҳимтарин мушкилотро коршиносони умури муҳоҷиарт бозгашти муҳоҷироне мешуморанд, ки дар "феҳристи сиёҳи" Русия номнавис шудаанд.
Бино ба гузоришҳои расмӣ, Русия дар паи "авфи якмоя" беш аз 102 ҳазор муҳоҷири қонуншиканро аз ин "феҳрист" хориҷ кардааст. Вале камобеш 90 ҳазор муҳоҷир ҳамчунон дар он "феҳрист" мондаанд ва бозгашти онҳо ба Тоҷикистон ногузир аст.
"Дар ин росто тавсия мешавад, ки давлат барои беҳтар бозпайвастани муҳоҷирони бозгарданда бо ҷомеъа барои онҳо ва корфармоёни билқувваашон ёрона, имтиёзҳои молиётӣ, бонкӣ ва иҷтимоъӣ бидиҳад то фазои иқтисодиро барои фаъолияти муҳоҷирон аз ҷумла барои рушди корофаринӣ (соҳибкории инфиродӣ, бунгоҳҳои кишоварзӣ ва дастварзӣ) мусоъид ва шароити лозим фароҳам оварда шавад", — гуфта мешавад дар ин санад.
Коршиносон ҳамчунин тасвиби барномаи роҳбурдии миёнмуддатеро низ зарур мешуморанд, ки дар он аҳдофу авлавиятҳо на танҳо дар заминаи бозпайвастани муҳоҷирон, балки омодасозияшон барои бозгашт ба кишвари муҳоҷирпазир ва пуштибонии қонунӣ, иҷтимоъӣ ва пизишкии онҳо низ дар назар гирифта шаванд.
Роҳандозии шабакаи телевизиюнӣ ва беҳбуди огаҳирасонии муҳоҷирон
Се сол пеш аз ин дар Тоҷикистон ниҳоди давлатие барои омодасозии корҷӯён ба муҳоҷират ташкил шуда буд, ки мебоист онҳоро роҳнамоӣ ва огаҳирасонӣ мекард.
Ин ниҳод дар ҳашт шаҳру ноҳияҳои кишвар бунгоҳҳое ташкил кард, ки бояд муҳоҷиронро бо қонуну муқаррароти буду бош дар кишвари муҳоҷирпазир ошно мекарданд. Вале камбуди сармоягузории ҳадафгирона имкон намедиҳад, ки ин ниҳод шумораи бештари корҷӯёнро фаро бигирад.
"Дар ин росто пешниҳод мешавад, ки барои роҳандозии бунгоҳҳои омодасозии корҷӯён дар шаҳрҳои Ваҳдат, Кӯлоб, Панҷиканд, Турсунзода, Исфара ва ноҳияи Рашт сармоягузорӣ карда шавад", — мегӯянд коршиносон.
Ҳамчунин тавсия мешавад барои густардатар кардани доманаи огаҳирасонӣ шабакаи хабарии родюӣ ё телевизиюнӣ бунёду роҳандозӣ шавад то муҳоҷирону хонаводаҳояшонро пайгирона аз масоъили муҳоҷират огоҳ кунанд.
Коршиносон ҳамчунин пешниҳод доранд имкони баргузории Ҳамоиши солона дар мавзуъи муҳоҷират баррасӣ шавад, ки дар он намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, коршиносону пажӯҳишгарон ва созмонҳои мардумниҳоду расонаҳо битавонанд равандҳову чашмандозҳои муҳоҷиратро баррасиву воковӣ карда чораҳову роҳкорҳоеро пайдо ва ба давлат пешниҳод кунанд.