ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Ҷумҳурии Туркия феҳристе аз афроди мамнуъ ул-вурудро мунташир карда, ки дар он номи беш аз 2 600 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нигошта шудааст.
Дар гузориши ВУД Туркия, ки "Муборизаи Туркия бо ДОИШ" номгузорӣ шудааст, куллан 54 ҳазор кас аз шаҳрвандони 146 кишвар дар ин феҳрист номнавис шудаанд.
Аз миёни кишварҳои пасошуравӣ Русия бо 4 128 шаҳрванд дар ин феҳрист "болонишин" аст ва пас аз он Тоҷикистон бо 2 651 шаҳрванд дар ин феҳрист гунҷонда шуда ва Қазоқистон низ бо 1 914 шаҳрванд ин сегонаро такмил мекунад.
Вале бештар аз дигар кишварҳо дар ин феҳрист табаъаҳои Подшоҳии Арабистони Саъудӣ — 7523 кас — ворид шуда ва аз кишварҳои урупоӣ Фаронса бо 2622 шаҳрванд "пешнишин" аст.
Номи ин касон ба далели иртибот бо теруристҳо ва убур аз манотиқи даргири ҷанг, дар феҳристи афроди мамнуъ ул-вуруд ба Туркия сабт шудааст.
Нерӯҳои амниятии Туркия ҳамчунин гузориш додаанд, ки аз оғози ҷанг дар Сурия то кунун 308 шаҳрванди Тоҷикистонро дар марз бо Сурия дар ҳоле, ки мехостаанд ба гурӯҳҳои ифротӣ бипайванданд, боздошт кардаву ба Душанбе вогузор кардаанд.