Террористи узбек дар Туркия дастгир шуд

© REUTERS \ Osman OrsalПулиси Туркия. Акс аз бойгонӣ
Пулиси Туркия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Террористе, ки дар Соли нав ба клуби шабонаи Туркия ҳамла кард ва се рӯзи охир дар хонаи ҳаммаслакаш аз Қирғизистон паноҳ мебурд, аз ҷониби кормандони пулиси Туркия дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Туркия шаҳрванди Узбакистонро, бо гумони даст доштан ба ҳамлаи террористӣ дар шаби Соли нав дасгир намуданд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба шабакаи NTV.

Амалиёти вижа оиди боздошти террористи узбек Абдулқодир Машарипов дар ноҳияи Эсенюрти Истамбул шоми дирӯз баргузор карда шуд.

Қайд мешавад, ки дар давоми се рӯзи охир Машарипов дар хонаи ҳаммаслакаш аз Қирғизистон паноҳ мебурд.

Гул дар назди сафорати Туркия дар Маскав. Акс азбойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиа дар шаби Соли нав: ҳалокати 39 нафар дар Истамбул

Дар шаҳри Истамбул шаби 1-январ, Машарипов, ки ҳамчунин бо лақаби Абу Муҳаммади Хуросонӣ машҳур аст, дар клуби шабона ба сӯи мардум оташ кушод. Ҳамлагари узбек бо тапонча аввал посбони клубро ба ҳалокат расонида, сипас ба дохили бино ворид шуд ва ба сӯи мардум оташ кушод.

Тирпарронӣ қариб ҳафт дақиқа идома кард, баъди ин террорист ба сӯи ошхонаи клуб паноҳ бурда, либосҳояшро иваз кард ва ғайб зад.

Мувофиқи маълумоти ВКД Туркия дар пайи ҳамлаи террористӣ 39 нафар ба  ҳалокат расида, наздики 70 кас захмӣ шуданд. Дар байни ҳалокшудагон шаҳрвандони Русия, Қувайт, Канада, Исроил, Сурия, Арабистони Саудӣ, Марокаш, Ливан ва Ливия низ қарор доштанд.

Ҷавобгарии ҷиноиро гурӯҳи ҷиноятпешаи "Давлати Исломӣ" бар ӯҳда гирифт.

Лентаи хабарҳо
0