Рӯзҳои истироҳат дар боғҳои шаҳри Душанбе барномаҳои консертӣ баргузор мешаванд

© SputnikКонцерт Юлдуз Усмановой в амфитеатре
Концерт Юлдуз Усмановой в амфитеатре - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд дар рӯзҳои истироҳат аз барномаҳои консертӣ, ки дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, баҳра баранд

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ин маросимҳо ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва ҷашни истиқлолият бахшида мешаванд

Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз 18:00 дар Боғи "Ирам", Боғи "Парчами давлатӣ", Боғи "Рӯдакӣ", майдони 800-солагии Москва ва амфитеатри "Аҳорун" бо иштироки ҳунарпешагони ансамблҳои"Лола", "Базморо", раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ва бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ барномаҳои консертии ҷолиб манзури тамошобинон мешаванд.

Ҳунарманди мардумии Узбакистон Юлдуз Усмонова - Sputnik Тоҷикистон
“Бозгашти ошно” : Юлдуз Усмонова дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард

 Рӯзи якшанбе, яъне 16 июли соли 2017 соати 18:00 дар Боғи "Дӯстӣ", Боғи "Рӯдакӣ, Боғи «Парчами давлатӣ» ва майдони 800-солагии Москва барномаҳои консертии навбатӣ манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳад шуд. Ин навбат баҳри болидахотирии тамошобинон ҳунарпешаҳои ансамбли тарона ва рақси "Сомон", шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0