“Бозгашти ошно” : Юлдуз Усмонова дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард

© Фото : Официальный сайт Юлдуз УсмоновойҲунарманди мардумии Узбакистон Юлдуз Усмонова
Ҳунарманди мардумии Узбакистон Юлдуз Усмонова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Консерти ин ҳунарпешаи номдори узбакистонӣ 24 - 25 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ҳамчунин қарор аст, ки ӯ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Турсунзода низ ҳунарнамоӣ кунад

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Ҳунарпешаи мардумии Узбакистон Юлдуз Усмонова дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Қарор аст, ки барномаи ҳунарии вай 24 — 25 май дар Амфитеатри шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Чуноне ки Мавлуда Раҳматова — яке аз баргузоркунандагони ин консерт, ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ин овозхон пас аз анҷоми барномаи 14-рӯзааш дар Узбакистон ба Тоҷикистон даъват шудааст.

"Мо барномаи ҳунарии 14-рӯзаи Юлдузро, ки дар Узбакистон баргузор шуд, тамошо кардем ва аз ӯ даъват намудем онро дар Тоҷикистон ҳам иҷро кунад", — гуфт вай.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҳамакнун баргузории консерти ҳунарпеша дар Хуҷанд низ баррасӣ мешавад.

"Бояд вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи баргузории консерт дар Хуҷанд тавофуқ кунанд", — таъкид кард хонум Раҳматова.

Ба гуфтаи вай, дар назар аст, ки 23-уми май ин ситораи узбак ҳамчунин дар шаҳри Турсунзода ҳунарнамоӣ кунад.

Ӯ афзуд, Юлдуз Усмонова дар Тоҷикистон барномаи наву ҷолиберо иҷро хоҳад кард.

"Юлдуз дар консерташ дар Тошканд пироҳани чакан ба бар таронаи ширу шакари тоҷикӣ-узбакӣ суруд, ки бисёр хушамон омад", — гуфт вай.

Рақс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон пас аз 25 сол фарҳангашро дар Тоҷикистон намоиш медиҳад

Хонум Раҳматова афзуд, Юлдуз Усмонова чанд суруди тоза ба забони тоҷикӣ омода намудааст, ки муаллифи яке аз онҳо Орзу Исоев аст.

Ба гуфти вай, ин барномаро аз он рӯ "Бозгашти ошно" номидаанд то ишорае ба наздик шудани ду кишвар пас аз таҳаввулоти сиёсӣ дар Узбакистон кунанд.

"Аз онҷое ки солҳо боз ҳеч ҳунарпешаи узбакистонӣ дар Тоҷикистон консерт баргузор накарда, вале пас аз рӯ ба беҳбудӣ ниҳодани равобити ду кишвар чунин фурсате фароҳам шудааст, мо қарор додем, ки барномаро "бозгашти ошно ва дӯсти хеш" биномем", — тавзеҳ дод вай.

Охирин консерти Юлдуз Усмонова дар Тоҷикистон соли 2009 баргузор шуда буд.

Мавлуда Раҳматова далели баргузории консерт дар Амфитеатрро гаронии иҷорабаҳои Кохи Борбад гуфт. Ин барномаро Марҳабо Азимӣ таҳия карда ва Ориёнбонк аз он пуштибонии молӣ мекунад. Билетҳо аз 200 то 300 смомонӣ нархгузорӣ шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ин ҳунарпешаи мардумии Узбакистон солиёни дароз дар кишвараш дар "феҳристи сиёҳ" қарор дошт ва пас аз раисҷумҳур шудани Шавкат Мирзиёев дар қатори дигар ҳунармандон иҷоза ёфт то барномаҳои худро баргузор кунад.

Ҳукумати Узбакистон Юлдузро 11 сол аз баргузории консерт дар саҳнаҳои калон ва намоиши барномаҳояш дар телевизиони давлатӣ маҳрум карда буд.

Ёдовар мешавем, ки ин овозхон бо ҳунарпешаҳои тоҷик ҳамкории танготанг дорад ва бо бархе аз онҳо ҳамсароӣ низ кардааст. Вай дар охирин консерташ дар Тоҷикистон аз ашъори шоири ширинкаломи тоҷик Лоиқ Шералӣ таронае бо номи "Хандон агар намекунӣ" суруда буд, ки дар Тоҷикистон бисёр хуш пазируфта гардид.

Дар он барнома ҳунарпеша бо ифтихор гуфта буд, "агар ман тоҷик мебудам, ҳама адабиёти тоҷикиро чаппаву роста намуда, аз он суруд мехондам…".

Лентаи хабарҳо
0