Тоҷикистон ва Афғонистонро пули дигаре пайваст хоҳад кард

© SputnikНовый мост на дороге Душанбе-Пенджикент
Новый мост на дороге Душанбе-Пенджикент - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои бунёди пули мазкур Иттиҳоди Аврупо сармоягузорӣ мекунад. Он аз ҷониби бунёди хайрияи Оқохон ва бунёди PATRIP амалӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагии ИА ба бунёди пуле байни Тоҷиикстон ва Афғонистон дар ноҳияи Фархор асас гузошта шуд.

Интизор меравад, ки тарҳи мазкур дар рушди минтақа ва беҳтар доду гирифт ва савдо байни Тоҷикистону Афғонистон мусоидат мекунад.

Тарҳ аз ҷониби фонди Оқохон ва PATRIP амалӣ мешавад. Барои бунёди пул Иттиҳоди Аврупо 16 милюн маблағгузорӣ мекунад. 

Оғози сафари расмии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон 10.05.2016 - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Афғонистон: 25-умин солгарди роҳандозии равобити сиёсӣ

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот кард.

Дар мулоқот, ки бо ширкати ҳайъатҳои расмии Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор гардид, вазъ ва дурнамои равобити ду кишвар дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0