ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дафтари иттилоърасониии кишвардори Тоҷикистон эълом кард, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар паёмҳое 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои сиёсӣ миёни ду кишварро ба якдигар табрик гуфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба Ашраф Ғанӣ аз густаришу тавсеъаи равобити дуҷониба хушнудӣ карда ва аз ҷумла гуфтааст:
«Изҳори итминон менамоям, ки равобити неки ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн, ки дар сархатти стратегияи минтақаии Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд, дар оянда низ рушди матлуб хоҳанд ёфт".
"Ба Ҷалолатмаоб сиҳатмандиву комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Афғонистон сулҳу амният ва саодату пешрафт таманно дорам", — гуфта шуда дар паёми Эмомалӣ Раҳмон.
Ашраф Ғанӣ ҳам дар паём ба Эмомалӣ Раҳмон "маротиби беҳтарин таманниёту неки хеш ва мардуми Афғонистонро" иброз дошта ва 25 соли равобити дипломатики ду кишварро баёнгари "иродаи сиёсии устуворе" дониста, ки "реша дар умқҳои торих, фарҳанг ва тамаддуни муштарак" дорад.
Раҳбари Афғонистон дар ин паём аз ҷумла гуфтааст:
"Бо такя ва таъкид бар ин ҳақиқати халалнопазир, мо метавонем ба пайгирии манфиатҳои миллӣ минтақаи муттаҳидеро эҷод кунем, ки раҳоварди он амният, субот ва инкишофи пойдор дар минтақа аст. Бар асари саъю талоши Ҷаноби Олӣ мардуми кишвари дӯст ва бародар ба сӯи хушбахтӣ, некӯаҳволӣ, озодӣ, сулҳ ва субот дар ҳаракатанд, ки мо ба унвони дӯст ва ҳамсоя бо он меболем".
"Бо истифода аз фурсат, як бори дигар ин рӯзи таърихиро муборакбод гуфта, сиҳат ва муваффақияти Ҷалолатмаоби Шумо, саодат ва тараққии миллати бародари Тоҷикистонро орзу медорам"- гуфта мешавад дар паёми Ашраф Ғанӣ.