Эмомалӣ Раҳмон дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо ширкати амрикоӣ баррасӣ кард

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент РТ Рахмон Эмомали, архивное фото
Президент РТ Рахмон Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати "Ҷенерал Электрик"-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллеттро ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, нимаи дуюми рӯзи 14 июли соли 2017 дар Қасри миллат раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президент — Мудири иҷроияи ширкати "Ҷенерал Электрик"-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллеттро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати амрикоӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ баррасӣ карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти ширкати "Ҷенерал Электрик" даъват ба амал овард, ки ба бахши гидроэнергетикаи кишвари мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар сармоягузорӣ ба ин ва дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мо фаъолона иштирок намоянд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, имкони рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла ҷалби сармоя барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиди неругоҳҳо, бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ, таъмини таҷҳизоти гуногуни энергетикӣ ба соҳаҳои афзалиятнокро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки иштироки фаъоли доираҳои соҳибкории Амрико, аз ҷумла ширкати бонуфузи "Ҷенерал Электрик" дар роҳи рушду густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Лентаи хабарҳо
0