Талоши раисҷумҳур барои рушди робитаҳо бо Туркманистон

© Пресс служба президента РТВстреча Эмомали Рахмона с премьер министром Туркменистана
Встреча Эмомали Рахмона с премьер министром Туркменистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон Рашид Мередов дидор кард

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik.  Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, имрӯз муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат дидору мулоқот кард.

Дар ин дидор вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои гуногун дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои идомаи бобарори онҳо талошу иқдомҳои ҳарду ҷониб бояд васеъ истифода шаванд.

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Номи президенти “ҷадид”-и Туркманистон маълум шуд

Ҷонибҳо гуфтанд, ки дӯстии мардумони Тоҷикистону Туркманистон аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, имрӯз муколамаи доимии сиёсӣ ва заминаи қарордодию ҳуқуқӣ дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта шудааст.

Барои тақвияти бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла, таъмини доимии робитаи мустақими ҳавоӣ, сохтмони роҳҳои оҳани минтақавӣ, муштаракоти бештар дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ изҳори умедворӣ шуд.

Зарурияти фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, таъмини муколамаи доимии доираи соҳибкорону ширкатҳои давлатӣ, ташкили Шӯрои корӣ ва ифтитоҳи Хонаҳои тиҷоратӣ таъкид карда шуд.

Лоиҳаҳои инфрасохтории бузург, ки ҳарду давлат дар татбиқи онҳо иштирок менамоянд омили муҳими рушди устувор ва ҳамгироии бобарор дар доираи минтақа ба ҳисоб меравад.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамгироии Тоҷикистону Туркманистон дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, масоили таъмини амнияту бехатарӣ, мубориза бар зидди теруризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва иштироки фаъол дар ба эътидоловарии вазъи сиёсию низомии Афғонистон баррасӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0