Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ мулоқот кард

© Пресс служба президента РТРахмон Эмомали и президент Афганистана
Рахмон Эмомали и президент Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои роҳандози тарҳи CASA-1000 бо дар бустонсарои "Пуғус" дар дараи Варзоб бо раисҷумҳури Афғонистон мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз  Эмомалӣ Раҳмон дар бустонсарои буруншаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Пуғус" бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот кард.

Дар мулоқот, ки бо ширкати ҳайъатҳои расмии Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор гардид, вазъ ва дурнамои равобити ду кишвар дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Боздиди навбатии раисҷумҳури Афғонистон ба Тоҷикистон "қадами устувору боварибахш дар роҳи густариш ва тақвияти равобити нек ва дӯстии таърихии мардумони Тоҷикистону Афғонистон" арзёбӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро ба намоишгоҳ раҳнамоӣ кард - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба сарони кишварҳо меваву тарабори хушмаззаи Тоҷикистонро намоиш дод

Таъкид шуд, ки тамосҳои мунтазами сиёсии ду давлат, аз ҷумла дар сатҳи олӣ дар давоми 25-соли барқарории робитаҳои дипломатӣ хислати мунтазамро касб намуда, пур аз дастовардҳои воқеан таърихӣ мебошанд.

Хамдастию ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи таърихии КАСА-1000 намунаи барҷастаи робитаҳои сатҳи олӣ номида шуд ва иштироки бевоситаи роҳбарияти Афғонистон дар кори нишасти имрӯза боз як далели пуштибонии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Афғонистон аз ин лоиҳаи муҳими минтақавӣ маънидод гардид.

Дар мулоқот, ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Афғонистон, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузории мустақим, инфрасохтори энергетикӣ, роҳҳои нақлиёт ва оҳан, инчунин истифодаи имкониятҳои муштараку минтақаии транзитӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0