ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ин озмуни ҳунариву фарҳангӣ аз 5 то 11 сентябр дар пойтахти Тотористон баргузор мегардад ва дар он 60 филм аз 27 кишвар намоиш дода хоҳад шуд.
Ба иттилоъи равобити умумии ин ҷашнвора, дар он миён ду филм аз сохтаҳои коргардонҳои тоҷик — "Мушкилкушо" аз Умедшо Мирзоширинов ва "Комил" аз Сафарбек Солеҳ низ ҷой доранд.
Филми "Мушкилкушо" дар бахши "Филмҳои ҳунарӣ" бо сохтаҳои 10 кишвари дигар рақобат хоҳад кард. Ин филм аз ишқи тоҷикдухари муҳоҷир ва русписаре мегӯяд, ки дар Маскав якдигарро дӯст дошаву мушкилотеро аз сар гузарондаанд.
Филми "Комил" дар бахши "Филмҳои мустанад" намоиш дода мешавад. Ин филм аз зиндагиву фаъолияти коргардони номии шуравӣ Комил Ёрматов ёд мекунад.
Ҷашнвораи байналмилалии филми мусулмонии Қазон аз соли 2005 баргузор мешавад ва то соли 2010 ҷашнвораи "Минбари тиллоӣ" ном дошт. Ин ҷашнвораро Вазорати фарҳанги Тотористон, шаҳрдории Қазон ва Шурои муфтиҳои Русия бо пуштибонии раҳбари Тотористон баргузор мекунанд.
Порсол дар ин ҷашнвора коргардон Муҳиддин Музаффар бо филми кӯтоҳи "Пиёла" ҳунарозмоӣ карда буд. Вале ин филм дар он озмун дастоварде надошт.
Имсол 782 коргардон аз 61 кишвар дархости ширкат дар ин ҷашнвораро дода буданд. Доварони озмун ба сардории Сергей Лаврентиев 60 филмро барои ширкат дар озмун баргузиданд.