Коргардони “Мушкилкушо”: Маблағ не, набудани фикри тоза мушкили синамои мост

© Фото : из личного архива Умедшо МирзошириноваКоргардон Умедшо Мирзоширинов. Акс аз бойгонӣ
Коргардон Умедшо Мирзоширинов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Умедшо Мирзоширинов, коргардони филми “Мушкилкушо”, ҷоизадори ҷашнвораи байналмиллалии “Дидор” ҳадаф гузоштааст, тариқи сабти филмҳои бештар бо забонҳои помирӣ урфу одатҳои мардуми Бадахшонзаминро нишон диҳад.

Умедшо, ки феълан ба сабти филми ҷадид, зери унвони "Пӯнд" (Роҳ) бо забонҳои помирӣ машғул аст, дар сӯҳбат бо "Sputnik Тоҷикистон" гуфт, мушкили синамои тоҷик на маблағ, балки набудани фикри тоза ва дарки амиқи зиндагист.

Сӯҳбат бо Мирзошириновро аз филми "Мушкилкушо", ки миёни тамошобинон хуш пазируфта шуд, оғоз кардем ва нахуст далели интихоби номи "Мушкилкушо"-ро пурсидем.

Лентаи филмсабткунӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Мушкилкушо”-и Умед Мирзоширинов дар Душанбе намоиш дода мешавад

— Маънои "Мушкилкушо" нишон додани ҳастии инсоният аст. Ин ҳастии инсон аст. Вақте ки инсон дар зиндагӣ бо мушкилот  рӯ ба рӯ мешавад, ӯ аз Худо мурод металабад ва бо қувваҳои махфӣ сӯҳбат мекунад, он вақт мушкилкушои худро дармеёбад. Мақсади асосии филм муаррифӣ намудани фарҳангу забонҳои мардуми Бадахшон буд ва хушбахтона ба мақсадам расидам. Яъне нишон дода тавонистем, ки мардуме, ки бо лаҳҷаҳои гуногун сӯҳбат мекунанд арзишҳои умумифарҳангӣ доранд.

Дар кадом минтақаҳо филм ба навор гирифта шудааст?

— Чун филм дар бораи сарнавишити як духтар аз Помир нақл мекунад наворҳои он  аз водии Ғунди ноҳияи Шуғнон сар шуда, то қишлоқи Поршневу баъдан қишлоқи Емси водии Бартанг идома мекунад. Бар асари  бӯҳрони иқтисодӣ духтар  муҳоҷир шуда, ба Русия сафар мекунад ва баъзе наворҳои филм дар Русия гирифта шудаанд.

© Фото : из личного архива Умедшо МирзошириноваНавор аз филми "Мушкилкушо". Дар акс Ирана Нуроншоева
Кадр из фильма режиссера Умедшо Мирзоширинова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Навор аз филми "Мушкилкушо". Дар акс Ирана Нуроншоева

Нақшофарони филм ҳунармандони касбианд, ё хайр?

— Дар филм Ирана Нуроншоева, Александр Мичков, Алиакбар Одинамамадов, Ҷонбоз Душанбиев, Мусаввар Минаков, Самад Мансуров ва дигарон нақш офаридаанд. Аз байни нақшофарон танҳо ду нафарашон ҳунармандони касбӣ буда, дигар ҳамаи иштирокчиёни филм сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар мебошанд. Барои зиндаву табиӣ ва комилтар нишон додани урфу одатҳои халқи Бадахшон мо ҳунармандонро аз сокинони маҳаллӣ интихоб кардем.

Ғамгин аз онам, ки устод Мусаввар Минаков филми худро нодида, ҷаҳонро падрӯд гуфт,  вале  шод аз онам, ки тавонситам барҷастагии ин марди бузургро дар филм ба навор гирам ва барои насли оянда нишон диҳам.

Чӣ гуна мушкилиҳо пеш омад зимни ба навор гирифтани филм?

— Ягон кор бе мушкилӣ намешавад. Албатта, зимни ба наворгирӣ низ мушкилиҳо пеш омада буд, вале барои ман паси сар кардани ҳар як ноҳамвории зиндагӣ дар касбам, ҷони дигар мебахшад ва маро ба тай кардани қуллаҳои боз ҳам тундтар водор месозад.  Агар инсон кори худро, касби худро дӯст дорад, барои ӯ паси сар кардани мушкилиҳо ҳаловате беш нест. Ман ҳангоми ба наворгирии филм зимни омода намудани он ҳаловат мебурдам.

Ба фикри шумо кадом ҷиҳати  "Мушкилкушо" филмро соҳиби унвон кард?

— Бибиям ҳамеша мегуфт, "Агар лалаикро бо сӯз сароидан натавонӣ, пас насаро".  Ҳар як кор бояд аз таҳти дил иҷро шавад.  Вақте, кор бо ҷону дил шуд, фарқ нест вай филмбардорӣ аст ё ошпазӣ, иҷрокунанда ба мақсади худ мерасад. Агар кор бо ҷону дил анҷом дода шавад пас ба дили мардум роҳ меёбад. Агар ошро танҳо ба хотири анҷом додани вазифаи хонагӣ тайёр куенӣ, он ба касе маъқул намешавад. Чи гунае, ки ту нисбати корат муносибат кардӣ, нафари дигар низ бо ҳамон меҳру муҳаббат онро қабул  мекунад.

© Фото : из личного архива Умедшо МирзошириноваЗимни наворбардории филми "Мушкилкушо"
На съемках фильма режиссера Умедшо Мирзоширинова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зимни наворбардории филми "Мушкилкушо"

Кадом забонҳоро дар филм шунидан мумкин аст?

— Ҳунармандон дар филм бо чанд забон сӯҳбат мекунанд. Аввал бо забонҳои помирӣ: шуғнӣ-рӯшонӣ, вахӣ, ишкошимӣ ва ғайра. Ҳамчунин дар филм забони тоҷикӣ ва забони русӣ истифода шудаанд.

Синамои тоҷик имрӯз чӣ мушкилот дорад?

— Мушкилоти маблағ имрӯз барои ба навор гирифтани филме асос шуда наметавонад. Чун дар замони муосир роҳҳои зиёди ба даст овардани грантҳо мавҷуд аст. Озмунҳо зиёданд, ҷашнвораҳои синамо чӣ дар миқёси Тоҷикистон ва чӣ ҷаҳонӣ зуд-зуд баргузор мешаванд. Имрӯз мушкилоти асосии ин соҳа набудани  фикри тоза, андешаи баланд, дарки  маънои чуқури зиндагӣ. Ҳангоме, ки инсон сояи худро мебинаду ба ҳастии худ ба ботини худ чуқур назар намекунад, аз ин чизе бар намеояд. Вақте инсон танҳо ба хотири маъруфиат пайдо кардан, кореро анҷом медиҳад, аз он чизе ҳосил намешавад.  Ин қоидаи ҳаёт аст. Агар дар кор худро об кунӣ, ҳосили он бошира хоҳад шуд.

Ҳамватанони бурунмарзӣ бисёр интизори тамошои филм шудаанд. Оё дар нақша ҳаст намоиши филм дар дигар кишварҳо?

— Албатта. Ба наздикӣ, Худо хоҳад мо барои намоиш додани филм ба Русия сафар мекунем. Дар нақша ҳаст, ки филм дар тамоми манотиқи тоҷикнишин намоиш дода шавад. Мехоҳем дар Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург ва дигар шаҳрҳое, ки дар он ҷо шумораи тоҷикон нисбатан зиёдтар аст намоиш диҳем. Ва баъдан дар саҳифаи ютуб низ филми "Мушкилкушо" нашр хоҳад шуд.

Дар оянда чӣ нақша доред?

— Дар оянда мехоҳам дар ҷодаи синамо боз талошҳои бештар дошта бошам. Айни замон филми навро таҳти унвони "Пӯнд" (Роҳ) бо забони помирӣ ба навор гирифта истодаам. Шояд дар рафти омода намудани филм номи он иваз шавад, вале барномаи он аллакай омода аст ва дар ояндаи наздик филм пешкаши тамошобинон хоҳад шуд.

© Фото : из личного архива Умедшо МирзошириноваНавор аз филми "Мушкилкушо"
Навор аз филми Мушкилкушо - Sputnik Тоҷикистон
1/3
Навор аз филми "Мушкилкушо"
© Фото : из личного архива Умедшо МирзошириноваМусаввар Минаков, зимни наворбардории филм
Мусаввар Минаков, зимни наворбардории филм - Sputnik Тоҷикистон
2/3
Мусаввар Минаков, зимни наворбардории филм
© Фото : из личного архива Умедшо МирзошириноваҲангоми наворбардории филми "Мушкилкушо"
Ҳангоми наворбардории филми Мушкилкушо - Sputnik Тоҷикистон
3/3
Ҳангоми наворбардории филми "Мушкилкушо"
1/3
Навор аз филми "Мушкилкушо"
2/3
Мусаввар Минаков, зимни наворбардории филм
3/3
Ҳангоми наворбардории филми "Мушкилкушо"

 

Лентаи хабарҳо
0