Дар Истаравшан як майдончаи варзишӣ ба баҳрабардорӣ расид

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкФутбол. Кубок конфедераций-2017, архивное фото
Футбол. Кубок конфедераций-2017, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин майдончаро як соҳибкори маҳаллӣ бо сармоягузории беш аз 100 ҳазор сомонӣ бунёд кардааст
ДУШАНБЕ, 14 июли — Sputnik. Чанде пеш дар деҳаи Боғи Калон аз рустоҳои ҷамоати Гули сурх дар шаҳри Истаравшан майдончаи варзишии "Себзор" ба баҳрабардорӣ расид.

Бино бар иттилоъи дафтари матбуъотии ҳукумати вилояти Суғд, ин майдончаро соҳибкори маҳаллӣ Абдурасул Музуллоев бо сармоягузории беш аз 100 ҳазор сомонӣ сохта аст.

Соревнования по каратэ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Афғонистон

Ҳукумати вилояти Суғд афзуда, ки дар шаҳри Истаравшан беш аз 270 созаи варзишӣ ба баҳрабардорӣ расида ва сохтусози толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ бо сармоягузории бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ идома дорад.

"Дар шаҳр барномаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоъӣ, фарҳангиву варзишӣ, бунёдкориву навсозӣ ва таъмиру тармими созаҳои варзишӣ ба хотири дастгирии ҷавонону наврасон идома дорад", — гуфта мешавад дар хабар.

Лентаи хабарҳо
0