ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. 25-уми майи соли 2017 аз ҷониби Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мусобиқаи варзишии каратэ байни наврасон ба муносибати Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳамкории Кумитаи варзишии муҷтамаъи ҷомеаи маданӣ ва мудирияти варзиши Бадахшони Афғонистон дар ш.Файзободи ҶИА баргузор гардид, ки дар он 100 нафар иштирок карданд.
Тавре аз Вазорати умури хориҷӣ хабар доданд, дар ин мусобиқа, барои шиносоии мардуми ҳавзаи консулӣ оид ба ҷашнҳои миллии мазкур, намояндаи консулӣ суханронӣ карда, чорабинӣ дар расонаҳо ба таври васеъ бозтоб ёфт. Ҳамзамон, ба ТВ "Тулуъ" ва радиои "Ому" низ дар ин маврид иттилоъ дода шуд. Ғолибони мусобиқа аз ҷониби муассисаи консулӣ бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.