Рушди деҳот ва тандурустӣ: дидори раисҷумҳур бо намояндаи воломақоми Аврупо

© Фото : Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳурМулоқот бо Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервис 12.07.2017
Мулоқот бо Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервис 12.07.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо ҷудо гардидани 251 миллион евроро ба Тоҷикистон дар се самти асосии ҳамкорӣ тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот, ҳамчун санади муҳими беҳтарсози ҳамшарикӣ шуморидаанд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо мудири кулли маъмурияти комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервис дидор кардааст.

Бино ба иттилоъи манбаъ, дар мулоқот аз сатҳу сифати ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои тақвияти бештар ва пойдориву судмандии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид кардаанд.

Евро, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон 36 миллион евро ҷудо мекунад

Воситаи муҳими беҳбудбахши ҳамшарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, татбиқи иқдомҳои солҳои охир, аз ҷумла амали "Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ" хусусан Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ арзёбӣ шудааст.

"Татбиқи Барномаи Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2014-2020, ки ҷудо гардидани маблағи 251 миллион евроро ба Тоҷикистон дар се самти асосии ҳамкорӣ тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот пешбинӣ менамояд, ҳамчун санади муҳими беҳтарсози ҳамшарикӣ муҳим шуморида шуд", — омадааст дар иттилоъия.

Тарафҳо ҳамчунин дар ин дидор масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва ҳалли мушкилоти амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зиди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мусоидат дар ба эътидол овардани вазъи сиёсию низомӣ дар Афғонистон ва тақвияти бештари имконияти ҳифзи сарҳадот ва иқтидорҳои техникиву низомии ниҳодҳои марзбониро баррасӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0