ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо(ИА)тайёранд, ки барои пешравии Тоҷикистон маблағгузорӣ кунанд. Ҳамин тавр барои сохтмони дастгоҳи обтозакунӣ дар вилояти Суғд ИА тайёр аст, ки 2,5 млн евро ҷудо кунад.
Лоиҳа мувофиқи нақша бояд дар тӯли се сол иҷро гардад ва яке аз қисмҳои барномаи ИА дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ғайр аз ин дар натиҷаи маҷлиси комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Олмон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ ва техникӣ ҳукумат Олмон эълон намуд, ки ба Тоҷикистон барои амалӣ намудани як қатор пунктҳои Стратегияи миллӣ рушди ҶТ то соли 2030 33,5 миллион евро ҷудо мекунад.
Барномаи дар моҳи декабр қабулгардида, рушди ҷумҳуриро дар амалӣ намудани се афзалияти миллӣ дида мебарояд: ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва нақлиётӣ ва таъмин намудани бехатарии тиҷоратӣ.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доим қайд мекунад, ки ба кишвар се дараҷа зиёд намудани қувваи энергетикӣ, яъне аз 17 то 45 миллиард кВт/с расонидани он муҳим мебошад.
Барои рушди ин стратегия ҳукумати кишвар 118,1 миллиард доллар сарф мекунад. Ҳамчунин маблағҳо барои ислоҳоти маориф ва илм, ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини амният, демография ва омодасозии кадрҳои баландихтисос сарф карда мешавад.
Яке аз қисмҳои асосии стратегия 2 маротиба паст намудани дараҷаи камбизоатӣ мебошад. Бояд ҳиссаи даромади миёна аз 22% то 50% зиёд гардад.
Аммо ба фикри иқтисодчии мустақил Константин Бондаренко барои амалӣ намудани мақсадҳо ва вазифаҳои дарпешгузоштаи Тоҷикистон сармоягузории бузург лозим аст. Мувофиқи маълумоти Бандаренко дар соли 2015 ба Тоҷикистон ҳамагӣ 977 миллион доллар маблағ сармоягузорӣ ҷалб карда шуд. Коршинос мегӯяд, ки ҷумҳурӣ наметавонад ҳаҷми сармоягузориро ба кишвар зиёдтар кунад.
"Фарз кардем, ки то соли 2030-ум ҳисси сармоягузории хориҷӣ ба Тоҷикистон ҳамасолда 20% зиёдтар мегардад. Он вақт, дар тӯли 14 соли оянда ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба 10,5 миллиард доллар мерасад, ки 10 маротиба аз нишондоди ба нақша гирифташуда камтар аст- мефаҳмонад иқтисодшинос.- Барои он, ки то соли 2030 — ум ба кишвар 118,1 миллиард доллар сармоягузорӣ карда шавад, бояд ҳаҷми он ҳамасола якуним маротиба бештар шавад, ки ин ғайриимкон аст",- мегӯяд коршинос.