ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бино ба гузориши Sputnik Қирғизистон, Омурбек Текебоев, ки пас аз рухдодҳои апрели соли 2010 узви Ҳукумати муваққати Қирғизистон буд, муттаҳам ба ришваситонӣ мешавад.
Соҳибкори рус Леонид Маевский ӯро муттаҳам ба гирифтани як милюн дулор ришва муттаҳам кардааст. Ӯ даъво дорад, ки Текебоев ин маблағро барои ба раёсати ширкати "Алфа Телеком" (MegaCom) мансуб карданаш аз ин соҳибкор гиритфаву бар нагардондааст. Баррасии ин даъворо ба Кумитаи амнияти давлатии Қирғизистон вогузор кардаанд ва дар паи бозҷӯӣ Омурбек Текебоев ва Дуйшенқул Чотонов дастгир карда шуданд.
Баррасии ин парванда дар Додгоҳи шаҳри Бишкек ҳамакнун идома дорад ва раисҷумҳури пешини Қирғизистон Роза Отунбоева ва вакили пешин Феликс Қулов дар ин додгоҳ бозпурсӣ шудаанд.
Акнун вакилони дифоъи Текебоев аз додгоҳ талаб доранд, ки раисҷумҳур Алмосбек Отамбоев ҳам ки узви пешини Ҳукумати муваққатӣ буд, ба додгоҳ ҳозир шаваду гувоҳӣ диҳад.
"Аксари шоҳидон гувоҳӣ медиҳанд, ки бе корсозии Отамбоев масъалаи MegaCom наметавонист ҳалл шавад. Отамбоев бояд на чун раисҷумҳур, балки чун узви пешини Ҳукумати муваққатӣ гувоҳӣ бидиҳад", — тавзеҳ медиҳанд вакилон.
Додситон аз додрас хоста, ки ин дархости вакилон қонеъ карда нашавад, чунки "он қаблан ҳам баррасӣ шуда буд" ва додрас чунин ҳам кард. Дар посух вакилони Текебоев қатъан талаб карданд, ки додрас Ойбек Эрнисуғлу аз баррасии қазия барканор шавад. Баррасии парванда ҳамчунон идома дорад.