Турсунбек Акун мехоҳад раисҷумҳур шавад

© Фото : Султон ДосалиевТурсунбек Акун
Турсунбек Акун - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пешбарии номзадӣ ба симати президентӣ то 1 август идома мекунад. Интихоботи кишвардор 15 октябр баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи Sputnik Қирғизистон, омбудсмени пешини Қирғизистон, Турсунбек Акун рӯзи шанбе, ҳуҷҷатҳояшро ба комиссияи интихоботи президентӣ равон кардааст.

Бино ба додаҳои Комиссияи марказии интихоботӣ, Турсунбек Акунро ҳизби "Адам укугу" (Ҳуқуқи инсон) пешбарӣ кардааст. Ҳуҷҷатҳои ӯ ба номзадии президенти Қирғизистон рӯзи шанбе ворид шудаанд.

Ҳамин тавр то имрӯз 18 шаҳрванди Қирғизистон номзадии худро ба мақоми раисҷумҳурӣ мондаааст: Кубан Чороев, Назарбек Нишанов, Омурбек Текебоев, Арстанбек Абдилдаев, Бакит Дегенбоев, Сайнидин Султонидинов, Камил Шаршекев, Таалат Масадиқов, Омурбек Бабанов, Рита Карасартова, Турсунбой Боқир, Замира Муродбекова, Санжарбек Энназаров, Мукар Чолпонбоев, Темур Сариев, Сагинбек Абдраҳмонов, Содир Жапаров ва Бакит Торобоев.

Пешбарии номзадҳо то 1 августи соли равон идома мекунад. Интихоботи кишвардори ҷадиди Қирғиизстон 15 октябр баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0