Раисҷумҳур ба масъулин: шароит барои истироҳати кӯдакон фароҳам шавад

© Фото : пресс-служба президента РТЭмомали Рахмон на встрече с таджикскими школьниками
Эмомали Рахмон на встрече с таджикскими школьниками - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ниҳодҳои давлатиро муваззаф карда шароити муносиб барои истироҳати кӯдакон дар урдугоҳҳои тобистонӣ фароҳам оваранд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори ҷудо кардани 3 милюн сомонӣ барои фароҳамсозии шароити истироҳати  кӯдакону наврасон дар урдугоҳҳои тобистонӣ имзо кардааст.

Президент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кӯдакони камтавону бенаво аз Эмомалӣ Раҳмон идӣ дарёфт карданд

Раисҷумҳур бо ин қарор раисони ҳукуматҳои вилояти мухтори Кӯҳистон Бадахшон, дигар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо ва вазорату созмонҳои давлатиро муваззаф кардааст, ки сохтусозу таъмиру таҷҳизи сохтмонҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳавзҳои шино, дарахткории урдугоҳҳоро дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом бирасонанд.

Бояд гуфт, ки ҳамагуна урдугоҳҳо танҳо бар асоси арзёбии созмони давлатии назорати беҳдоштиву вогирзудоӣ оғоз ба кор мекунанд.

Ин урдугоҳҳо дар навбати аввал кӯдакону наврасони ятиму бесарпараст, камнаво ва ҳамчунин тезҳушу лаёқатмандро дар бар хоҳанд гирифт.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Э. Раҳмон: Худоро ба ақл мешиносанду бо қалб мепарасатанд, на бо сару либосу сатру ҳиҷоб

Раисҷумҳур Вазорати маорифро муваззаф кардааст, ки урудугоҳҳоро бо омӯзгорону мураббиҳо таъмин кунад ва раванди омӯзишу парваришро дар онҳо роҳандозӣ кунад.

Вазорати тандурустӣ муваззаф шудааст, ки урдугоҳҳоро бо кадрҳои пизишкӣ таъмин кунад ва вазъи беҳдоштии онҳоро зери назар бигирад.

Таъмини амнияти кӯдакону наврасон дар урдугоҳҳо ва эминии рафту баргашташон ба маконҳои истироҳат бар уҳдаи Вазорати умури дохила вогузор шудааст.

Лентаи хабарҳо
0