ДУШАНБЕ, 12июл — Sputnik. Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Раисҷумҳури Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллӣ дар ин ҷаласа дар тавзеҳи ин ислоҳот гуфт, ки аз ин пас тавлидкунандагон ва фурӯшандагони нӯшиданиҳои алкулӣ ва фаровардаҳои тамоку наметавонанд пуштибони молии барномаҳои родютелевизиюнӣ ва матолиб дар рӯзномаву расонаҳо шаванд. Ин қонун барои онҳо ҷаримаҳое муқаррар кардааст.
Бар асоси ин ислоҳот, аз ин пас корбурди таъбирҳое чун «рақами як», «беҳтарин», «сифати баланд», «бо нархҳои паст» дар огаҳирасонии бозаргонии колоҳову хадамот дар Тоҷикистон мамнуъ мешавад.
Ҳамчунин ҷой додани огаҳиҳое, ки беш аз 3 дақиқа тул мекашанд, дар барномаҳои родюӣ ва телевизюнӣ мамнуъ шуд. афзун бар ин, ҷой додани огаҳиҳои бозаргонӣ дар китобҳои дарсӣ, дафтару рӯзномаҳои мактабӣ ва дигар фаровардаҳое, ки дар Тоҷикистон чопу мунтаршир мешаванд, низ муҷоз нахоҳад буд.