Осоре аз шоирони тоҷик дар маҷмуъаи "Порсисароёни имрӯз" дар Эрон мунташир шуд

© ParstodayСборник стихов, архивное фото
Сборник стихов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намунаҳое аз рубоъиёт ва дубайтиҳои шоъирони муъосири Тоҷикистон Рустам Ваҳҳоб, Розия Шарофиён, Беҳрӯз Забеҳуллоҳ, Гулноз Тоҳириён ва Ҳошим Некварз дар ду маҷмуъаи шеърӣ бо унвони "Порсисароёни имрӯз" дар Эрон мунташир шудааст.

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории "ParsToday", дар ин маҷмуъаҳо, ки интишороти "Андешамандони Кисро" мунташир кардааст, афзун бар шеъри шоъирони тоҷик, намунаҳое аз осори беш аз 150 шоъири форсизабон аз Эрон ва Афғонистон низ гунҷонда шудааст.

Таджикский поэт Мирзо Турсун-Заде. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ёде аз Мирзо Турсунзода дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Муҳсин Чолок, шоъири навпардози эронӣ ва гирдоварандаи ин маҷмуъаҳои адабӣ, ки пеш аз ин китоби "Дубайтиҳои бемарз"-ро мунташир кардааст, ба родю "Садои Хуросон" гуфта, ки интишори ин маҷмуъаҳои адабӣ ибтикори тоза буда ва барои нахустин бор дар ҳаёти адабии муосири кишварҳои порсизабони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон осори шоъирон ба сурати дастаҷамъӣ мунташир шудааст.

Муҳсин Чолок ҳамзамон аз шоъирони форсизабон, ба вижа ғазалсароён хостааст то осори худро барои чоп дар маҷмуъаҳои баъдии "Порсисароёни имрӯз" ирсол кунанд.

Лентаи хабарҳо
0